Аҳамияти бузурги Иҷлосияи XVI дар он аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд, -бардошт аз конференсияи илмӣ
Опубликовано пт, 10/11/2017 - 17:22 пользователем tvt
Аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд ва Сарвари давлат тавонист мардуми кишварамонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ расонад.


Бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати босалоҳияти ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва котиби масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Мавҷуда Нурова дар кори ҷаласаи 39-