Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабук зинаи 5-умро соҳиб шуд!

Чанде пеш сомонаи all-athletics.com рейтинги беҳтарин намояндагони варзиши сабуки ҷаҳонро ба нашр расонид. Мувофиқи он варзишгари  маъруфи тоҷик, чемпиони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабуки ИААФ миёни гурзандозон мақоми 5-умро ишғол намудааст.

Дар зинаи аввали рейтинг Павел Файдек бо 1362 имтиёз, зинаи дуюм- Войсех Новитский бо 1288 имтиёз (ҳарду аз Полша), ҷойи сеюм- Квентин Бигот бо 1256 имтиёз (Франсия) ва дар мақоми чорум Валерий Пронкин  бо 1249 имтиёз (Россия) қарор гирифтаанд.

Аз дастовардҳои Дилшод Назаров, ки дар ин раддабандӣ ба назар гирифта мешаванд, медали тиллои Бозиҳои олимпӣ, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали тиллои Бозиҳои Осиё ва чемпионатҳои Осиё, медали нуқраи Чемпионати Осиё ва медали нуқраи Ҷоми Осиё ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки  рекорди шахсии Дилшод Назаров — 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халли Германия моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд.

Дар мавсими имсола натиҷаи беҳтарини ӯ — 77.81 метр мебошад, ки ба он  моҳи июн дар мусобиқаи Острава (Чехия) мушарраф гардид.

АМИТ "Ховар"