Пагоҳ дар Душанбе конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон–Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон» баргузор мегардад
Опубликовано ср, 15/11/2017 - 14:59 пользователем tvt
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.


Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябр, соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад.