Ифтитоҳи коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»
Опубликовано чт, 16/11/2017 - 17:03 пользователем tvt
Дар рӯзи аввали сафар ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.


Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Истиқлол оғоз гардид.