Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Боғи «Дӯстии халқҳо» барномаи консертӣ доир мешавад

Имрӯз, 24 ноябр, соати 15:00 бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Боғи «Дӯстии халқҳо» дар шаҳри Душанбе  консерти  идона баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи консертӣ бо композитсияи бадеии ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов таҳти унвони «Парчам» оғоз меёбад. Сипас ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, оркестри эстрадии Гулшан, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобов таронаҳои худро манзури тамошобинон мегардонанд.

Дар барномаи идона Афзалшо Шодиев, Фурқат  Саидзода, Ширинмоҳ Ниҳолова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов ва дигарон ҳунарнамоӣ намуда, хотири ҳозиринро болида мегардонанд.