Хабар

«Таҷлили Рӯзи Президент-ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан ба миллат аст»-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Академияи илмҳо

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Ман фикр мекунам, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат  метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад.

Дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод доир мешавад

16  ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод эълон шудааст.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Парвин Кенҷаев иттилоъ дод, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд дар ин рӯз аз  чаҳор ошёнаи Осорхонаи миллӣ  дидан намуда, аз таърихи миллати тоҷик огоҳии комил пайдо кунанд.

Дар ин рӯз тамошои осорхона аз соати 10:00 то 15:00 идома меёбад.

Пагоҳ дар Душанбе конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон–Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон» баргузор мегардад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо мақсади  арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар таҳти унвони  «Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон»   конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.

Страницы