Хабар

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Имрӯз, 18 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. 

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш  ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Боздид аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ "Элегант"

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ ва сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ расман оғоз бахшида, бо намунаи хонаҳои истиқоматии камхарҷи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" ошноӣ пайдо карданд.

Страницы