Дар Хоруғ барои кормандони Раёсати адлия бинои сеошёна ба истифода дода шуд
Опубликовано пн, 20/11/2017 - 12:11 пользователем tvtҲоло дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони зиёда аз 217 иншоот бо арзиши қариб 900 миллион сомонӣ идома дорад. 48 адади ин биноҳо дар шаҳри Хоруғ сохта мешаванд. Ин нуктаро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни табрики кормандони Раёсати адлияи вилоят ба хотири соҳиби бинои зебову барҳаво ва дорои тамоми шароити маъмурию маишӣ шудан баён дошт. Ҳамзамон изҳори умед карда шуд, ки баъд аз ин онҳо ба ҳар як дархости сокинони вилоят сари вақт ва ба таври комил посух хоҳанд дод.


19 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.