Хабар

Дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва кумакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар маъракаи интихоботи президентӣ манъ карда мешавад

Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ,  шахсони  ҳуқуқӣ,  шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва  дигар намуди кумаку дастгирии моддии маъракаи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Сафири Тоҷикистон бо Прокурори генералии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Прокурори генералии мамлакат Сауд ибни Абдулло ал-Муъҷиб мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд

Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии қисми низомии 011-23, мутааллиқ ба Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз намудҳои волейбол, футбол, дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук шурӯъ шуд. Муовини комиссари ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоҳқосим гуфт, ки ҳамасола мутобиқи нақша, аз аввали моҳи феврал дар ҳамаи қисмҳои низомӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд.

Страницы