Хабар

Соли гузашта 31 ҳазор нафар сайёҳу истироҳаткунандагон аз «Баҳри тоҷик» дидан намуданд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамроҳ бо Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва соҳибкорони шаҳр кӯшиш доранд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ва дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои халқиро бештар намоянд.

Сумангул Тағойзода: «Ба 577 нафар корфармоён барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи меҳнат ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардид»

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 декабри соли 2017 музди миёнаи меҳнат 1135,16 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,5 сомонӣ ва ё 20,8 фоиз зиёд шудааст. Ин нуктаро имрӯз,  6  феврал Вазири  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода  зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иброз дошт.

Рустами Эмомалӣ ба ФИФА ва ширкати «Сoca-Соlа» изҳори миннатдорӣ намуд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ва ширкати «Сoca-Соlа» /«Кока Кола»/ барои шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани

Страницы