Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад: ҳангоми сафар дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошед!
Опубликовано пн, 12/03/2018 - 15:53 пользователем tvtТарма сабабгори масдуд шудани роҳ дар километри 72-юми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ шуд. Болоравии сатҳи оби рӯдхона муддате ҳаракат дар роҳи Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистонро ҳам қатъ кард. Ҳоло ҳаракати мошинҳо дар ин минтақаҳо аз сар гирифта шудааст, аммо хатари лағзиши тарма, омадани селу ярч бартараф нашудааст. Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки зимни ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошед.


Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд.