Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Вламир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари сӯхтор дар маркази савдои шаҳри Кемерово, ки мӯҷиби ҳалок ва захмӣ шудани одамони зиёд гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллиёти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон расонед».