Интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сино як шабонарӯз қатъ мешавад
Опубликовано пн, 12/03/2018 - 11:13 пользователем tvtБо сабаби пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар иншооти «Маркази барқу гармидиҳии 2» интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино- маҳаллаи Комсомол аз соати 22:00 рӯзи 13 март то соати 24:00 рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад.

