Хабар

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш  дар назар аст.

Имрӯз, 30 март дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ифтитоҳи биноҳои наву замонавии меҳмонхонаҳо дар Осоишгоҳи «Баҳористон

Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон»шинос шуда, ду иншоот — меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кишти пахта бо усули зерипардагӣ дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.

Страницы