Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 28 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

26 марти соли 2018 дар ҳошияи Конфронси Тошканд оид ба Афғонистон зери унвони «Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар бахши амният ва  мушорикати минтақавӣ» вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид.

Дар шаҳри Исфара Бозори доимамалкунандаи фурӯши молу маҳсулоти Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид

Дирӯз  дар маркази шаҳри Исфара Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Страницы