Агентии обуҳавошиносӣ аз баланд шудани ҳарорат дар Тоҷикистон хабар медиҳад
Опубликовано пт, 13/04/2018 - 10:22 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрноки бебориш шуда, вазиши шамол дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 13 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм хоҳад шуд.


Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни якдигар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.