Имрӯз гармии ҳаво дар ҷумҳурӣ ба 29 дараҷа мерасад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш гашта, дар баъзе ҷойҳо то 29 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Имрӯз, 23 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"