Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону жола дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 18 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат ва жола дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 16 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар Душанбе осорхонаи Садриддин Айнӣ баъди таъмиру тармими ҷорӣ расман ифтитоҳ ёфт

Имрўз дар шаҳри Душанбе бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Айнӣ ва ба муносибати ҷашни 140 – солагии ӯ,   осорхонаи ин адиби бузург барои дўстдорона

Страницы