Дар Маҷлиси намояндагон таҳти унвони «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» мизи мудаввар доир гардид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар мавзӯи ҳамоиш маърӯза намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаҳо собит месозанд, ки истифодаи оқилонаи замин аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба замин, ки рушди ояндаи соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии онро ба танзим медарорад, вобастагӣ дорад.

Таъкид гардид, ки масъалаи ташаккули бозори ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дар кишвар бояд саривақт ҳалли худро ёбад, то имконият барои ба танзим даровардани муносибатҳо дар тақсимот, идоракунӣ ва мувофиқаи хароҷоту даромадҳо аз истифодаи захираҳои замин таъмин карда шавад.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин роҳбари Лоиҳаи «Рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар чорчӯбаи Барномаи «Озуқаворӣ ба хотири фардо» дар Тоҷикистон» Чинора Арапова, масъули лоиҳа оид ба мушкилоти мубрами қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Исмоилов ва мушовири байналмилалии лоиҳа оид ба андозбандӣ Андрей Красников оид ба мақсаду вазифаҳои лоиҳа баромад намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар доир ба мавзӯъҳои маърӯзагардида табодули афкор сурат гирифт.

АМИТ "Ховар"