Мактаббачагони тоҷик соҳиби 13 медали тилло, 13 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд
Опубликовано вт, 24/04/2018 - 17:40 пользователем tvtТалабагони мактабҳои Тоҷикистон дар 7-умин Олимпиадаи байналмилалии наврасони ихтироъкор — «Malaysian International Inventors Olympiad» (MIYIO 2018), ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кедахи Малайзия баргузор гардид, бори дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои баландтарин нишон доданд. Ихтироъкорони навраси тоҷик дар олимпиадаи мазкур соҳиби 13 медали тилло, 13 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.