Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад

Ба  иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорати ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад.

Дар  вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ кушода шуд

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ ташкил гардид. Аз ин хатсайр, ки дар баробари мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, фарогири сайёҳати табобатию солимгардонӣ ва истироҳатии ноҳияи мазкур мебошад, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ дидан намуданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Страницы