Хабар

ВКХ ҶТ: кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик баргардонида шуданд

Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои марбута (Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Москва ва Иморот) бо ҳамдастии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангиҳои лозимаро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори

Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону жола дар назар аст

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоид гашта, боридани борону жола, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 25 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы