Хабар

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе

2 майи соли 2018 дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон  Мубашар Ҷовид Акбар баргузор шуд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назар аст

 Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 3 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Страницы