Хабар

1 июн дар Душанбе ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад

1 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Зимни ҷаласаи мазкур баррасии 14 лоиҳаи санадҳои марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар доираи ИДМ дар назар аст. Дар ин бора сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон: 32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб гардиданд

Маркази миллии тестии наздиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  омодагӣ ба гузаронидани имтиҳонҳоимарказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олиикасбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 семинарҳои омӯзиширо барои тренероникормандони муваққатӣ доир кард.

Тавре аз  Маркази  матбуоти Маркази мазкур хабар доданд, чунин семинар-машваратҳо дар шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд ва  Кӯлоб баргузор гардиданд.

Страницы