Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво дар баъзе ноҳияҳо то 42 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 4 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +12 + 17 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо рӯзона +33 +35 ва шабона +15+17 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: