Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Опубликовано пт, 01/06/2018 - 13:56 пользователем tvt
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кори худ оғоз бахшид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст дар моҳи хайру эҳсон- моҳи шарифи Рамазон ба 7600 оила, нафарони яккаву танҳо ва маъюбон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маводи зарурӣ расонад.