Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, чунин вазъи обу ҳаво дар ҷумҳурӣ то 22 май боқӣ монда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 18 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +21 +26 дараҷа гарм мешавад.

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расонида шуданд.

Страницы