Тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Опубликовано ср, 16/05/2018 - 14:24 пользователем tvtБахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як зумра чорабиниҳоро баргузор намояд.
Аз 10 то 23 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба ин рӯз таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!» баргузор мегарданд.