Хабар

«Сомон эйр» дар Соли рушди сайёҳӣ аз Душанбе ба Анталия хатсайр мекушояд

Ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷуғрофиёи парвозҳояшро фарох гардонида, шурӯъ аз якуми июли соли равон дар хатсайри Душанбе -Анталия (Туркия) парвозҳои чартерӣ оғоз менамояд. Фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии «Компас» буда, намояндаи ширкати мазкур дар бозори сайёҳӣ — ҶДММ «Transavia Express» мебошад. Парвозҳо дар масири  Душанбе-Анталия дар даҳ рӯз як маротиба анҷом дода мешаванд.

Имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар буриши роҳи мошингарди хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, Н. Махсум бо кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе қатъ мегардад

Шурӯъ аз 11 июни соли 2018 ҳаракати воситаҳои нақлиёт бинобар оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар буриши роҳи мошингарди хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, Н. Махсум бо кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво 39 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво 39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Имрӯз, 11 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Страницы