Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи саҳмдорони НБО «Роғун» баргузор гардид
Опубликовано чт, 14/06/2018 - 18:53 пользователем tvtИмрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2017 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2017 пешниҳод гардид.