Хабар

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Пекин иштирок дорад

19 апрели соли 2018 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон ба кори худ шурӯъ кард, ки то 22 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта,  дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 20 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои дигари вилоят туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы