НБО «Роғун» метавонад омили ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа гардад
Опубликовано пт, 19/10/2018 - 14:03 пользователем tvt
16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Интизор меравад, ки дар ин рӯзи фархунда чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги аср — «Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» ба кор дароварда шавад.


Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста МавлоноҶалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия,Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок доранд.