Ҷамила Байдуллоева: «Сабаби чангу ғуборолуд шудани ҳаво- ин набудани боришоти тӯлонӣ дар бархе давлатҳои ҳамсоя мебошад»

Чангу ғуборе, ки дар  ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ин аз минтақаи шимоли  Афғонистон ва Туркманистону  Ӯзбекистон ворид шудааст. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамила  Байдуллоева  хабар дод.

Бо иттилои Ҷ.Байдуллоева, сабаби  чангу ғуборолуд шудани ҳаво- ин набудани боришоти тӯлонӣ  дар минтақаи шимолии  Афғонистон ва  бархе давлатҳои ҳамсоя мебошад. Ин ҳолат сабаби шиддат гирифтани шамол ва ҳаракат кардани чангу ғубор аз ин минтақаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

 «Чунин вазъи боду ҳаво  то охири рӯз  боқӣ мемонад. Эҳтимол  аст, ки пагоҳ бинобар дар минтақаҳои  кӯҳӣ боридани борон  чангу ғубор  қатъ ё  суст гарданд», — зикр намуд Ҷ. Байдуллоева.

Бинобар якбора чангу ғуборолуд шудани   ҳаво  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон   муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми кор дар саҳро эҳтиёткор буда, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор  дар доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Инчунин  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ронандаҳо, кӯҳнавардон ва  нафаронеро, ки бо дучарха ба саёҳат мебароянд, огоҳ мекунад, ки дар ҳолати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ   дар ин рӯзҳо  эҳтиёткор бошанд, чунки дар ин рӯзҳо  имконияти сангрезӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки чунин боду ҳаво дар кишвар ба саломатии одамон, бахусус нафароне, ки аз диққи нафас азият мекашанд, таъсири зиёд дорад. Табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова дар мавриди он ки   аз  ин гуна боду ҳаво худро чӣ гуна бояд эмин  дошт,  чунин тавсия дод: «Нафароне, ки   бемории бодигармӣ (аллергия), диққи нафас ва диққи нафаси қалбӣ доранд, дар чунин вазъи ҳаво бештар азият мекашанд.   Аз ин рӯ чунин шахсонро мебояд, ки эҳтиёт кунанд ва дар чунин рӯзҳо аз ниқоб истифода баранд».

Ба гуфтаи мутахассис, он нафароне, ки аз ин гуна бемориҳо азият мекашанд, хубтар мешуд дар ин рӯзҳо  ба берун набароянд.

Ибодат ДАВЛТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Tags: