Хабар

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе минбаъд ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  минбаъд  ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкории Япония

5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Токио бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония Иточу (ITOCHU), Марубени (Marubeni), Митсубиши (Mitsu

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима

5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба изҳори хушнудӣ карданд.

Страницы