ТАРМА. Дар ноҳияи Шуғнон бар асари он се манзили истиқоматӣ хароб гардид
Опубликовано чт, 17/01/2019 - 18:11 пользователем admin
Нимаи дуюми 16 январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин ҳодиса ягон нафар аъзои ин оилаҳо осеб надиданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд.


Дар масири Душанбе—Чаноқ новобаста аз бориши барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт зери назорати пайваста қарор дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба боришоти барфу борони пай дар пайи рӯзҳои охир ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд.