Гавҳар Шарофзода: «305 истилоҳу иборавожаҳои варзишӣ ба забони тоҷикӣ баргардон ва ҳамгун сохта шуданд»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли сипаригардида бо шабакаҳои давлатии телевизионӣ, ба монанди «Варзиш», «Тоҷикистон», «Сафина» ва ғайра ҳамкории густурда ба роҳ монд. Дар ин бора раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, Кумита аз ҷумла бо телевизиони «Варзиш» дар самти омодасозии истилоҳоти соҳа бо забони давлатӣ ҳамкории хуб дорад.

«Соли 2018 305 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футбол, чавгонбозӣ, теннисбозӣ, баскетбол ва намудҳои гӯштингирӣ ба забони тоҷикӣ баргардон ва ҳамгун сохта шуданд. Ин истилоҳот ҳар ҳафта тариқи телевизиони «Варзиш» манзури тамошобинон гардонида мешаванд», — илова намуд Гавҳар Шарофзода.

Ба иттилои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ҳамарӯза дар барномаи «Субҳ»-и  телевизиони «Тоҷикистан» пешниҳоди вожаҳои ғалат ва шакли дурусти он манзури тамошобинон гардонида мешавад, ки то ин давра шумораи онҳо ба 280 адад расид.

Зикр гардид, ки соли 2018 китобҳои «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (дар ду ҷилд), «Суҳбатнома» ва «Таомнома» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуданд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта аз ҷониби мутахассисони Кумита зиёда аз 94 ҳазор истилоҳот дар соҳаҳои техника, варзиш, кишоварзӣ, байторӣ, илмҳои дақиқ, сохтмон ва меъморӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 42% зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: