Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати нахустини Конфедератсияи шамшербозони Осиёи Миёна дар Тошканд иштирок мекунанд

15-17 феврали соли равон  дар шаҳри Тошканд аввалин  Чемпионати кушоди Конфедератсияи шамшербозии Осиёи Миёна байни наврасон ва таълимгирандагони омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ баргузор мегардад. Дар ин бора хабанигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи миллии олимпӣ, Агентии иттилоотии миллӣ, ширкатҳои телевизион ва радиои миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи шамшербозӣ ва ширкатҳои дигар ташкил шудааст.  Ба ҷуз  шамшербозони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар он барои ғалаба 150 нафар варзишгарони Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон миёни ҳам рақобат мекунанд.

Имрӯз, 13 феврал Федератсияи шамшербозони Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ барпо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин  Чемпионати  Конфедератсияи Осиёи Марказӣ оид ба шамшербозӣ миёни таълимгирандагони омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ ва варзишгарони наврас дар Тошканд чор нафар шамшербози тоҷик иштирок хоҳанд кард.

Давраи тайёрӣ ба ин мусобиқаро онҳо ҳанӯз аввали моҳи феврал дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз намуданд. Варзишгарони тоҷикро барои ин мусобиқаи муҳиму ҷиддӣ мураббӣ Рустам Насимов омода мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: