Хабар

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баргузор шуд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия) бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баргузо

ИСТИҚЛОЛИЯТ — ОЗОДӢ, ҒОЯ, МЕЪЁР ВА АРЗИШҲОИ МУҚАДДАС. Андешаҳои ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад дар ин мавзуъ

Баъди чанд рӯзи башумор мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 32-солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн мегиранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи муҳиммияти Истиқлолияти давлатӣ чунин ибрози андеша намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик аст».

НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Имрӯз дастранҷи деҳқонони ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Темурмалик пешкаши сокинони Душанбе мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад. Намоиши ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб  дар Боғи Ирам ва ноҳияи Темурмалик дар Боғи Кӯдакон баргузор мешавад.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Страницы