Дар Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Опубликовано пн, 25/09/2023 - 09:17 пользователем tvtАз 24 то 29 октябр дар шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мегардад. Дар ин фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

