Хабар

Тоҷикистон ва Амрико дар оянда ба ҳамкории байнибонкӣ тақвият мебахшанд

Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои байнибонкӣ бо бонкҳои Амрико таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Чунин гуфта шуд зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Сафири  Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Душанбе доир гардид.  

МАН ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ, ДУШАНБЕ!

Шомгоҳон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ба назар мерасад.  Хурду калон дар ин ҷо сайру гашт намуда, аз табиати зебо ва дилфиреби Душанбе лаззат мебаранд.

Махсусан тамошои бозию шодии  кӯдакон диққати  касро ба худ ҷалб намуда, ин маконро боз ҳам бошукўҳтар мегардонад. 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 

Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд.

Страницы