Паҳлавони тоҷик Шарифҷон Назриев барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид
Опубликовано ср, 31/07/2019 - 10:41 пользователем admin
Чанде пеш паҳлавони шинохтаи тоҷик Шарифҷон Назриев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тайпейи Чин идома дорад, барандаи медали нуқра гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.


Имрӯз, 30 июл дар Душанбе Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ нусхаи эътимодномаи Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Син, Австралия Грейм Михан ва Эфиопия Гирма Темесген Баркессаро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Моҳи август дар вилояти Суғд Фестивали «Оши палав» гузаронида мешавад. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.