Сафирони навтаъйини Ҳиндустон, Австралия ва Эфиопия ба Тоҷикистон омаданд

Имрӯз, 30 июл дар Душанбе Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ нусхаи эътимодномаи Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Син, Австралия Грейм Михан ва   Эфиопия Гирма Темесген Баркессаро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон табодули назар карда шуд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

Дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грейм Михан  ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австралия ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Австралияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гирма Темесген Баркесса дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону  Эфиопия дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: