Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Опубликовано пт, 26/07/2019 - 15:58 пользователем admin
Рӯзи 26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас анҷоми сафари кории худ ба вилояти Суғд ва боздид аз шаҳри Исфара ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.


Имрӯз ҳамчунин дар толори Маҷмааи «Ориён»-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикисто
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, ки дар саҳни Маҷмааи «Ориён» ба таври густурда ташкил карда шуд, дидан намуданд.