Хабар

Дар садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 5 нафар ба ҳалокат расиданд

1 августи соли равон  дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ  5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ — ронанда ва мусофирони мошин, сокини деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ Асоев Садриддин, сокинони шаҳри Душанбе Ингра Қурбонова, Айшам Асоев ва Зифмо Асоева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар шаҳри Роғун Маркази таълимии рушди малакаҳо бунёд мегардад

Соли 2019 дар шаҳри Роғун аз ҷониби Бонки рушди Осиё як лоиҳаи калон тарҳрезӣ гардида, айни замон дар ҳоли таҳия қарор дорад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтмони Маркази таълимии рушди малакаҳоро дар ин шаҳр пешбинӣ намудааст.

«МЕПАРАСТАМ НОНИ ГАНДУМ…». Дар Душанбе Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор гардид

Тавре қаблан хабар додем,  шоми дирӯз дар «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри  Душанбе Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор гардид. Дар озмуни  мазкур нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони  тоҷикӣ, аз қабили нони чаппотӣ, сатрӣ, кулчаи

Страницы