САЛОМАТИИ МАРДУМРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Турсунзода 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми пастсифат мусодира карда шуд
Опубликовано пн, 05/08/2019 - 10:25 пользователем adminМутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода дар шаш моҳ 28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис 138 тонна маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ муайян гардид, ки аз он 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми воридотӣ аз Қазоқистон мебошад.


Дар нимсолаи якум нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 98,6% таъмин гардида, ба ҷойи 5 млрд. 546,7 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети давлатӣ 5 466,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 80,0 млн. сомонӣ кам, аммо нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида 416,7 млн.
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан доир гардид, ки дар он истеҳсолкунандагони ватанӣ молҳои худро ба намоиш гузоштанд.