Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд

Субҳи имрӯз соати 05:46 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.

Тавре президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, маркази заминҷунбӣ дар вилояти Тахори Афғонистон ҷойгир буда, он дар километри 259-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5,7  балл ва дар Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

«Заминларза 20-25 сония давом намуда, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд», — зикр намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: