Меҳмонони Форуми байналмилалӣ аз инфрасохтори сайёҳии минтақаи Варзоб боздид намуданд

Имрӯз иштирокчиёни нахустин  Форум ва Намоишгоҳи  байналмилалии  сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе  оғоз мегардад,  ба дараи зебоманзари Варзоб, ки яке аз минтақаҳои  беҳтарини  сайёҳӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ташриф оварданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки  дараи  Варзоб  ҳанӯз соли 2000 бо  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Минтақаи сайёҳӣ» эълон гардида, дар зарфи ин солҳо дар ин минтақа инфрасохтори гуногуни сайёҳӣ, ки барои рушди туризм дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ба истифода дода шудаанд. Яке аз чунин инфрасохтори  туристӣ Маҷмааи истироҳатию фароғатии «Кохи Малика» мебошад, ки дар шафати дарёи Варзоб  бунёд гардида,  дорои тамоми шароити истироҳату фароғати мутобиқ  ба меъёрҳои сатҳи  байналмилалӣ мебошад. Меҳмонон зимни боздид аз  ин маҷмааи истироҳатию фароғатӣ  бо  шароиту  имконот ва сатҳи хизматрасонии он шинос гардиданд.

Ҳамзамон иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии  «Тоҷикистон 2019» ба  Осоишгоҳи табобатию солимгардонии  «Хоҷа Оби Гарм»  ташриф оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки   Осоишгоҳи табобатию солимгардонии  «Хоҷа Оби Гарм»  дар баландии  1740 -1960 метр ҷойгир  буда, дар он барои истироҳаткунандагон тамоми  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: