Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода доданд
Опубликовано вт, 20/08/2019 - 09:23 пользователем admin20 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

