Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-ро дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 — ро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғчаи кӯдаконро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти Яхтан Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 17 километр роҳи мошингардро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварданд. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Страницы