Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатӣ супориданд
Опубликовано чт, 29/08/2019 - 11:30 пользователем admin29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.


Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гӯшаи бозори марказии шаҳри Хоруғ ба ихтиёри деҳқонони ноҳияҳои вилоят гузошта шуд.